ВОКУНИШ. Ҷаҳони муосир ва сокинони сайёраро хатарҳои зиёде дар пеш аст гуфта, таҳлилгарони масоили сиёсии кишварҳои абарқудрат ба сокинон ҳушдор медиҳанд. Аммо метавон дарк намуд, ки ин хатарҳоро маҳз абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ баҳри пиёда кардани манфиатҳои геопалитикиашон роҳандозӣ намуда, дар равобити сиёсӣ аз стандартҳои дугона истифода мекунанд. Иштирок ва суҳбати онлайнии роҳбари ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби Наҳзати “Ислом”, Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаи эронӣ бо донишҷӯён ва фаъолони эронӣ метавонад тасдиқи гуфтаҳои боло бошад.Саволе ба миён меояд, чаро маҳз М. Кабирӣ дар мулоқоту конфронсҳои эронӣ даъват мешавад? Оё аз ӯ дида касе “донишманду, сиёсатшинос ва мусалмонтар нест?” Албатта, ки хело зиёд аст, вале метавон мушоҳида намуд, ки ин ҷо зери косае нимкоса ҳаст .Таваҷҷуҳи махсуси давлати ба мо маълум, нисбати М.Кабирӣ бесабаб нест, зеро онҳо бар ин хар бор доранд ва ба ӯ кор доранд. Ҳарчанд бо далелҳои раднопазир борҳо фармоишӣ будани суҳбату амалҳои М.Кабирӣ ва ҳамсафонаш исбот гардида бошад ҳам, вале ин гурӯҳи харидашуда рад менамуданд. Аммо чеҳраи аслии М.Кабирӣ намоён гардидаву мазҳабфурӯшию хиёнаткориҳояш бар миллату давлат, пай дар пай фош гардида истодааст.Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш имрӯз агар фарқе байни мазҳаби “шиа” ва “суннӣ” набинанд ва ё барояшон мазҳаб ё дин эътибор надорад, пас набояд ихтилоф байни сокинони осоиштаи Тоҷикистон андозанд, зеро донишмандону бузургони мо беҳуда таъкид намекунанд,ки фарзандам як бурда нону як коса об хӯр, аммо ҳеҷ гоҳ дин мазҳаб ва виҷдонатро нафурӯш, зеро муқаддасот барои инсонанд. Ҳақ бар ҷониби бузургон аст, зеро шахсе, ки мазҳабашро мефурӯшад, барои ӯ чи чизе дигар муқаддас аст?, ҳеҷ чиз. Барои М.Кабирӣ ва ҳамсафонаш дигар чизе аз муқаддасот боқӣ намондааст, чун ин афроди харидашуда тамоми ҳастиву вуҷуди худро бар ивази молу сарват фурӯхтаанд.Пас ҳар сокини осоиштаи Тоҷикистони биҳиштосоро зарур аст, ки бар ҳарфу барномаҳои тарҳрезигардидаи хоинони миллат гӯш надиҳанд ва дар роҳи ватансозию бунёдкорӣ камари ҳиммат банданд.
Худойдод Ёров, сармутахасиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон