ВОСЕЪ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ва бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ курси омӯзишӣ барои ҷавонон зери унвони “Созандагони Ватан” таҳия гардида, ҳар як дарси он бо маром идома дорад.
Ин навбат дарси баргузоргардида дар мавзӯи “Рисолати илм ва маориф дар таъмини рушди ҷомеа, давлат ва миллати тоҷик” ба роҳ монда шуда, доир ба мавзӯи мазкур омӯзгори ботаҷрибаи Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ Аҳмадова Сарварбӣ ба иштирокдорони курс дарс гузашт.
Бояд қайд намоем, ки дарси баргузоргардида аз аввал то ба охир бо саволу ҷавобҳо хеле ҷолибу шавқовар гузашта, шунавандагон хеле чизҳоро аз худ намуда, аз дарси баргузоргардида қаноатманд ҳам шуданд.