ВОСЕЪ. Бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ҷамоати деҳоти Абдӣ Авазови ноҳия бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.
Зимни вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм –фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки озмунҳои ҷумҳуриявӣ имконияти беҳтарин барои баланд бардоштани савияи донишу малака ва маҳорату истеъдоди наврасону ҷавонон ва ҳатто калонсолон мебошад.
Дар идома масъулин оид ба таълиму тарбия, риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ ибрози ақида карданд.