Ш.ШОҲИН. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, аз ҷумла Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва дар доираи иҷрои амалиёти муштараки умуминоҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» дар ҳудуди қабристонҳои якчанд деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳоти Шӯрообод ва Доғистон корҳои поккорӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи онҳо ба роҳ монда шуд. Дар чунин корҳои хайру савоб сокинони деҳаву маҳаллаҳо бо як руҳияи баланди ватандорӣ иштирок варзида, саҳмгузори диёру маҳали хеш гардиданд.