БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ ҚИРОАТИ ШЕЪР АЗ ЭҶОДИЁТИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ТАБЛИҒИ ОЗМУНҲО МИЁНИ ХОНАНДАГОН

ҶАЙҲУН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 110-солагии устод Мирзо Турсунзода озмуни қироати шеър аз ашъори Шоирро дар байни хонандагон ва аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ҳамкорӣ бо  шуъбаи маорифи ноҳия баргузор намуд.

Дар озмун иштирокчиён аз эҷодиёти Мирзо Турсунзода шеърҳо қироат намуда, аз зиндагиномаи шоир ёдовар шуданд. Барои иштироки хуби ҷавонон ва баҳри ҳавасманд кардани онҳо рӯйхати иштирокчиёни фаъол ба  шуъбаи маорифи ноҳия барои тақдими сипоснома ва ифтихорномаҳо пешниҳод карда шуд.

Инчунин, масъулини Кумитаи иҷроия  даъват ба амал оварданд, ки дар дигар озмунҳи ҷумҳуриявӣ аз ҷумла: «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат» ва озмунҳои ҳизбӣ, таҳти унвони «Мо бо шумоем» фаъолона иштирок намоянд.

Озмунҳо бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg