БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ба рушди босуботи Тоҷикистон нигаронида шудааст

А.ҶОМӢ. Вохӯриву суҳбатҳои гурӯҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳудуди ҳамаи маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо мақсади фаҳмонидани самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар мавзӯъҳои тарғибу татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, рушди ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018, ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо бо иштироки сокинон дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ва оммавӣ идома дорад.

Бояд қайд кард, ки бо ин мақсад тибқи ҷадвали тасдиқгардида, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  дар деҳаи Мушкруди ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо сокинони вохӯриву мулоқоти судмандро баргузор намуд. 

Дар охир Муҳаммадовуд Ҳалимов ҷараёни вохӯриро ҷамъбаст намуда, ҷамъомадагонро  ба якдиливу якдигарфаҳмӣ ва ҳифзи марзу буми Ватани азизизамон Тоҷикистон даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg