А.ҶОМӢ. Тибқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва амалӣ гаштани бандҳои нақшаи кории шуъбаи занон ва ҷавони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 5 ва № 49 , роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ,ки аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан " мебошанд, вохӯриҳои судмандро баргузор карданд.
Зимни суханрониҳои хеш, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ, оид ба масъалаҳои ҳуввияти миллӣ, ба дониш фаро гирифтани наврасону ҷавонон, омӯхтани илмҳои талаботи замон,боз ҳам бештар мутолиа намудани китобҳои бадеиву ва ҷалби онҳо ба озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", шомил нашудани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, риояву таъмини иҷрои қонунҳои сифр миллӣ, алалхусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" суҳбат карда, иштирокдоронро ба амалҳои созанда раҳнамоӣ кард.