Н.ХУСРАВ. Вобаста ба афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу заминҳои корам ва наздиҳавлигию президентӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъулини Кумитаи иҷроия бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондидиҳиро роҳандозь намуда, аз замини ҳар як оила дидан карда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинонро дида баромаданд.
Ин навбат масъулини Кумитаи иҷроия дар якҷоягӣ бо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Шарифализода Муҳаммад бо сокинони деҳаи Ҳайдарободи Ҷамоати деҳоти Наврӯз вохӯриҳо баргузор намуда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, таъмиру азнавсозии манзилҳои зист, рангу бор ва ба тартиб овардани девору атрофи манзилҳои зисти сокинони деҳаро дида баромада, ба онҳо фаҳмониданд, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо истифодаи самараноки замину об ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро хусусан дар соли 2021 таъмин намоянд. Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо корро тарзе ба роҳ монем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва захираи маводи хӯрокаро афзун намуда, аз норасогии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ накашем.