![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20210424_090231.jpg?itok=oi3EDfv_)
ХУРОСОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дармонгоҳ» корҳои ободонӣ, шинонидани гулҳои ороишӣ, нарм намудани бехи ниҳолҳо аз алафҳои бегона атрофи бино тоза карда шуд.
Дар ин хусус ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон муваззаф гардидаанд, ки атрофи биноҳои худро, гулгаштҳо ва дар маҷмуъ тамоми кучаву маҳаллаҳоро бо дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, гулу гулбуттаҳо оро дода, сарсабзу хуррам гардонанд.
Дастуру ҳидоятҳое, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати созандагию ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар додаанд, имрӯз барномаи амали ҳар фарди бо нангу ори ҷумҳурӣ гаштааст. Кабудизоркунӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизби ноҳия муташаккилона идома дорад.