ФАРХОР. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар корҳои фаҳмонидадиҳӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамзамон, истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.
Масъулин ҳангоми суҳбат бо сардорони оилаҳо иброз доштанд, ки риояи ҳатмии роҳу усулҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз қабили истифода аз усулҳои ҳатмии воситаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла тарзи истифодаи ниқоб, ва дигар маҳлулҳои безараргардонӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, тозаву тамиз нигоҳ доштани манзили зист ва ғайра. Инчунин, ба онҳо ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.
Дар идомаи суҳбат масъулин оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ибрози андеша карданд.