ҲАМАДОНӢ. Дар маҳаллаҳои Ҷалолиддини Румӣ, Мирсаид Миршакар, С. Турдиеви ҷамоати шаҳраки Москва бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Исмоил Гадоев оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баромад кард.
Собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон А. Азизов дар бораи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷамъомадагон суҳбат карда, онҳоро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуд.