БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРАННУМИ ДӮСТӢ ДАР АШЪОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

АНДЕША. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имсол 110 -солагии шоир ва Қаҳрамони  Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзодаро  таҷлил менамоем ва эҳтирому асолати шоири сулҳҷӯю сулҳпарварро ба ҷо оварда, бори дигар ба ҷаҳониён собит мегардад, ки  тоҷикону тоҷикистониён бузургону шоирон, нависандагону қаҳрамонони хешро ҷовиду  мунаввар  абадан пос дошта, ба насли ояндасози ҷавон  бузургиашонро талқин менамоянду ному ашъори пурэҷозашон дар таърих бо хатҳои заррин  сабт гардида, доим бароямон воломақоманд. Воқеан, ифтихор аст, ки чунин шоирону бузургони наҷиберо дорем, ки бо асарҳои бузургу нотакрорашон ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузошта, ба ҳар як мутолиакунанда дунёи рангинеро ҳадя мегардонад.Шоирону нависандагони оламшумуламон ашъори пурэъҷозу пурмуҳтавояшонро ба мо мерос монда, солҳои сол аз он истифода менамоем ва ба мисли  кони ганҷе мемонад, ки  ҳамчун марвориду гавҳар пайваста дар дурахш аст.

 Аз забони худи шоир гуфтаниям:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Ашъори  устод Мирзо Турсунзода гуногунпаҳлу буда, форам ба гӯш менишинад. Ӯ шоирест ватанпарвар, бо ғурури баланди инсонӣ ва аз лобалои ашъораш насими тоза бо назофату накҳати ин хоки гуҳарбор ба машом мерасад. Васфи адолати иҷтимоӣ, Ватан, сулҳу дӯстӣ, садоқат ба ёру диёр, саодати рӯзгор ва тараннуми зебоиҳои хоки файзбори тоҷикон ҳамеша мароми ӯ буд, ки чанд порае барои мисол инҷо ёд мегардад:

Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,

Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.

Агарчи дар миён туфону мавҷи баҳрҳо буданд,

Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.

Устод Мирзо Турсунзода яке аз нахустин шоироне ҳаст, ки дар адабиёти тоҷик мавзӯи сулҳу дӯстиро дар ашъори худ васф намудааст. Махсусан, дӯстии вайроннашавандаи халқҳои тоҷику рус дар асарҳои ӯ тараннум ёфтаанд. Маврид ба зикр аст, ки устод Мирзо Турсунзода дар асарҳои худ хислатҳои реалистона, ғояҳои бузурги сиёсии пур аз шиддати эҳсосот ва ҳаяҷони рӯҳӣ, муборизаи фаъоли роҳи сулҳу саодати одамони оддиро хеле хуб ҷамъ овардааст. Яке аз асарҳои калонтарини шоир, ки дар он  бештар сулҳу дӯстӣ тараннум ёфтааст. Ин достони “Писари  Ватан” мебошад. Дар ин достон вазъияти мураккабу драмавии солҳои муҳорибаи  шадид ва дӯстии хонию ҷонии мардуми мамлакати шуравӣ тасвир ёфтааст. Иштироки фарзандони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, манфиатҳои ягонаи халқу Ватан, ҳамдастии ақибгоҳу фронт, дӯстии халқҳои  шӯравӣ ва муборизаи фаъолонаи онҳо ба муқобили  фашистони истилогар мавзӯи асосии достон аст. Ду образи асосии асар Қодир ва Саодат корнамоиҳои  фронту ақибгоҳро дар худ таҷассум кардаанд. Образҳои тоҷикписар Қодир ва Миколаи  украинӣ тимсоли дӯстии вайронашавандаи халқҳои тоҷику  рус, ки дар ҷараёни мубориза бар зидди душманон боз ҳам қавитар гардидаанд.  

Мавзӯи дӯстӣ ва меҳнат асоси асарҳои солҳои аввали баъди ҷангии шоир  Мирзо Турсунзодаро  ташкил додаанд. Дар достону шеърҳои “Арӯс аз Москва” (1945), “Уқоб” (1946), “Пиёлаи мо” (1949), “Қонуни бародарӣ” (1951), “Лиму” (1952), “Ду соҳил” (1952) ва ғайра ба мавзӯи сулҳу дӯстии халқҳо рӯ овардааст.

Мақолаҳои устод Мирзо Турсунзода “Роҳи сулҳ”, “Гарави муваффақиятҳои мубориза”, “Ҳаракати тавонои якдилии мамлакатҳои Осиёю Африқо мустаҳкам карда шавад”, “Ҷанг аз баҳри бахт ва ғайраҳо, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои русӣ (“Правда”, “Литературная газета”. “Труд”, “Октябр”, “Наука”), форумҳои якдилии мамлакатҳои Осиёю Африқо, Симпозиум ва конференсияҳои минтақавӣ эҷод гардидаанд,ки  сайёраро барои хиради волои инсонӣ ва дӯстӣ ҳидоят мегардонад.

Ошён гар мегузорӣ дар дили инсон гузор,

Аз раҳи меҳру вафову аҳди бепоён гузор,

Нест, чунки ҳеҷ чизе аз дили инсон баланд

Ошёни меҳри худ дар мағз- мағзи ҷон гузор.

Воқеан устод Мирзо Турсунзода  чун ифодакунандаи худогоҳӣ ва худшиносии миллии халқи худ ва дар айни замон интернатсионалисти асил, дар Анҷумани 6-уми нависандагони СССР барномаи сиёсию эстетикии адиби шӯравиро аниқ муайян карда гуфта буд. Омили инсонӣ, дӯстӣ, ғояҳои озодию истиқлолияти шахси меҳнатпарвар, сулҳҷӯӣ, инсони муборизу бунёдкор, асоси ғазалу сурудҳо ва қиссаю достонҳои шоирро ташкил медиҳанд.

Шоири ширинкалом устод Мирзо Турсунзода ҳамчун нотиқ, лирики нуктасанҷ ва драматург, мунаққид ва публисист, муборизаи сулҳу дӯстӣ ва амният, кашофи истеъдодҳо ва ҳокиму довари сахтгиру  дилсӯзи корҳои адабӣ якҷоя бо вазифадориҳои давлатию ҷамъиятияш таърихи қариб нимасраи  (1929-1977) адабиёти муосири тоҷикро дар бар гирифтааст. Шоири нуктасанҷ Мирзо Турсунзода дар кори навсозии инқилоби ҷаҳон ва таҳавулли табияти инсон бо сухан саҳми басо калон гузоштааст.

Эй қалам, гар ту яроқи шоирӣ,

Гар ба эҷоди сухан ту қодирӣ.

Аз ҳаёти мамлакат ғофил намон,

Дар миёни халқ беҳосил намон.

Аз рӯзи вафоти устоди сухан Мирзо Турсунзода  солҳо гузаштаанд. Дар якчанд соли охири асри 20 аз бозсозии нотамом дар давраи ҳокимияти шӯравӣ сар карда, то пош хӯрдани ин давлату соҳиби истиқлолияти воқеъӣ  гардидани собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ то ҷангҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва ба сулҳи умумӣ расидани тоҷикон воқеаҳои зиёди сиёсию иҷтимоӣ рух додаанд. Имконият ва сабабҳову заруратҳое пайдо шудаанд, ки таърих дар бораи саҳму ҷойи фарзандони фарзонаи миллат ба мисоли Мирзо Турсунзода то ҷое ҳукми худро барорад.

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо  тапиданҳои беорому рӯзафзуни дил.

То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,

Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯйи ҷаҳон.

                          (аз шеъри “Суруди сулҳ”)

Дар ашъори устод Турсунзода мавзӯҳои сулҳу амонӣ ва дӯстиву рафоқат чун гӯшту нохун ба ҳам пайвастаанд.Ин маънӣ дар шеъри “Дӯстонро гум макун” содда ва самимӣ баён гардидааст:

То тавони, дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,

Мушкилосонкун касонро гум макун.

Дӯст ояд сахт дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Шеъри “Дӯстонро гум макун” аз силсила шеърҳои “Дастовез” аст ва ин силсила  аз 17 шеър иборат буда, дар моҳҳои июн-июли соли 1975 дар бемористони Кунсевои Маскав эҷод гардидааст. Бинобар ин шеъри мазкур як навъ васияти шоири бемор ба мардуми тоҷик мебошад.

Умуман, шоир дар шеърҳои сулҳхоҳона ва ба дӯстиву рафоқат бахшидааш тавонист, ки ҳам ҳунарӣ нигорандагӣ, ҳам ҷаҳонбиниву мавқеи иҷтимоӣ, ҳам таҷрибаи аз ҷаҳонгардӣ андӯхтаи худро дар либоси сухани бадеӣ ба ҷилва орад. Ва хушбахтона ҳукми таърих чунин шуд, ки шоир ва арбоби барҷастаи  ҷамъиятию давлатӣ Мирзо Турсунзода дар ҷомеъа ва рушди маънавиёти он ҷой ва мақоми худро дорад.

Сабақи устод Мирзо Турсунзода ҳамчун суханвари нотакрор ва арбоби намоёни ҷамъиятию сиёсӣ ҷовидонист.

Лирикаи ишқӣ ва гаржданию сиёсӣ, достонҳои реалисти ва драмаҳои романтикии ӯ, гузариши шоир ба шеъри  асил ва публисистикаи оташию  таъсирбахш дар мустаҳкам  кардани дӯстии баёни халқҳои  ҷаҳон садсолаҳо  бо замон ва асарҳои оянда қадам  хоҳад зад.

Мо мардуми Тоҷикистон. Ҳамчун ворисони ҳақиқии Мирзо Турсунзода, месазад, ки  тамоми нерӯи хешро  барои абадзинда  гардонидани номи ӯ бо худ барем ва қадрдониву эҳтироми ин шахси олимақомро то ҷовидон гиромӣ дошта бошем, то ки баъди гузашти солҳову асрҳо дигарон барои  ҷому шуҳрати ҷаҳониаш шуда, ин устоди фарҳангнишонро вориси накунанд. Зеро мо ин амалро на як бору ду бор дар арсаи таърих бар сарнавишти миллати худ дидаем.

Зиндагони нур гирад аз сафои дӯстӣ,

Бишкуфад гулзори санъат аз навои дӯстӣ.

Аҳли олам мешавад бо ҳамдигар ёру рафиқ,

Гар шавад партафишон ҳар су ливои дӯстӣ.

Маҳз ба туфайли дӯстию рафоқат, меҳрӯбонию садоқат, тифоқи ва якдилию бародарӣ, зиндагӣ баҳри инсон боз ҳам рангину гуворотар мегардад. Аз инҷост, бузургони гузаштаи мо аз абад то кунун дӯстию бародариро дар ашъори пурғановати худ ҳамчун ганҷинаи нодир тараннум менамоянд. Бигузор шоири сулҳҷую сулҳпарвар устод Мирзо Турсунзода бо ашъори пурғановату саршор аз дӯстию рафоқаташ  солҳои сол, асрҳои аср, то ҳастии дунё ҳаст ҷовиду муқаддас бимонад. Бигузор бо сабақи  сулҳпарваронаю  саршор аз тараннуми дӯстиаш пайваста дар дили мардуми сайёра ишқу муҳаббат, меҳру садоқатро лабрез гардонида, бадиҳо, зулму золимӣ ва ҷангу ҷидолӣ сокинони дунёро ба дуриҳои дур бибараду дӯстию  бародарӣ ҳамеша ҷовид бимонад.

110 солагии устоди  хушкалом Мирзо Турсунзодаро ба ҳамаи ҳамҳизбиёну ҳамкасбон ва аҳлӣ илму бадеъул калом табрику шодбош мегӯям. 

Муродова Марҷона,  мудири шуъбаи таблиғот,  иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg