БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРОВОНИИ ҲОСИЛ АЗ ФАЙЗУ БАРАКАТИ КОРИ МАРДИ ДЕҲҚОН АСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Фрунзе корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо усули “хона ба хона” гузаронида шуд.

Дар суҳбатҳои рӯ ба рӯ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия Алиев Зафар ва мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Нуруллоев Саъдулло оид ба пешгирӣ аз бомориҳои сироятӣ, самаранок истифодабарии қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ибрози андеша намуданд. Аз намояндагони ҳизбӣ қайд доштанд, ки ҳар як ваҷаб заминро бояд  самаранок истифода бурда, кӯшиш кунем то, ки  дар як сол то се -чор ҳосил ба даст оварем. Аз ҷониби масъулин доир ба даст овардани ҳосилнокии замин ва маҳсулоти хушсифат баъзе маслиҳатҳои муфид дода шуда, маводҳои иттилооти тақсим карда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg