ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб корҳои таблиғотӣ, чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ миёни сокинони ноҳия роҳандозӣ гардида истодааст.
Чунин чорабинии сиёсӣ, ки таблиғкунандаи ғояҳо, ҳадафҳои созандаи ҳизб ва ҳидоятҳои Сарвари давлатамон мебошад, бо сокинони деҳаи Андиҷони ҷамоати деҳоти Меҳвар доир гардид.
Зимни баргузории ин вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ, оид ба тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон гуфта шуд.
Баъдан, Шомаҳмадзода Музаффар вохӯрии навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону кишоварзони вилояти Хатлон дар семинар- машварати кишоварзони вилояти Хатлон, ки санаи 2 июни соли 2018 дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, баёни андеша намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсади семинар-машваратро таҳлилу баррасии ҳолати имрӯзаи соҳаи кишоварзӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 маънидод карданд.
Ҳукумати мамлакат ҳифзи амнияти озуқавории кишварро яке аз ҳадафҳои афзалиятноку стратегии худ қарор дода, барои татбиқи самарабахши он мунтазам талош дорад ва ҳамаи захираву имкониятҳоро ба ин самт сафарбар намудааст.
Таъкид шуд, ки мардуми кишвар бояд минбаъд низ бо мақсади таҳкими ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҷиҳати ба таври васеъ ба роҳ мондан ва истифодаи самараноку оқилонаи замин, вусъат бахшидани кишти такрорӣ ва аз заминҳои обӣ дар як сол рӯёнидани ду-се ҳосил талош варзанд ва аз имкониятҳои истифоданагардида васеъ баҳра баранд.
Якчанд нафар фаъолони маҳалла дар баромад иброз доштанд, ки деҳаи онҳо, ки асосан мардумаш бо пахтакорӣ, боғдорӣ ва зироаткорӣ машғуланд, дар иҷрои ин барномаи стратегии мамлакат самимона саҳмгузор мешаванд.
Дар ҷамъбаст 16 нафар сокинон ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил гардиданд.