Ҷ. БАЛХӢ. Бо ҷалби сокинон ва фаъолони ҳизби деҳаи Қаҳрамони ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ амалиёти умуминоҳиявӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир карда шуд.
Дар амалиёти мазкур масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия иштирок дошта, ҷиҳати доимо тоза нигоҳ доштани дохил ва атрофи қабристонҳо, дар амал татбиқ намудани корҳои созандагию ободонии маҳал суҳбат намуданд. Амалиёти мазкур дар оянда низ аз ҷониби масъулин дар дигар маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар назар аст.