БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ – ДИН, МАЗҲАБ, МИЛЛАТ, ВАТАН НАДОРАД

 

ВОКУНИШ. Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҳизбамон такрор ба такрор таъкид менамоянд, ки «терроризм – дин, мазҳаб, миллат, Ватан надорад». Ва махсусан дар дини мубини Ислом нахондаем, ки инсон ба хотири ҳадафу маромҳои нопоку ношоистаи худ худкушӣ кунад ва туфайли худкушии худ чандин нафарони дигарро бенишон мекунад, дар Ислом ва ҳам дигар динҳои маъмули дунё худкуширо амали нопоку ғайридинӣ, ҳатто куфру бедиёнатӣ медонанд. Пас саволе ба миён меояд, ки террористони маргталаб дар асоси кадом гуфтаҳо ва аҳкоми динӣ амал мекарда бошанд, дар сурате, ки аёдати бонуфузи дунё худкуширо зуҳуроти ғайридинӣ мешуморад?

Дар Ҷумҳурии Тоҷикитони азизи мо шукри беҳад, ки туфайли сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли зиё, мутаффакирону донишмандон фазои сулҳу осоишта, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон аст, вале падидаҳои даҳшатноку марговари кишварҳои гуногун ба мо низ бетаъсир намемонад. Аз ин нуқтаи назар, гирифтани пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлубу даҳшатовар вазифаи хар як шахси поквиҷдону халқпарвар ва ватандӯсту ояндасоз мебошад. Дунё ва зиндагӣ барои меҳнат, сохтан, бунёд кардан, чизе аз худ гузоштан ва номи наку мондан аст, на барои ҳар чӣ зудтар мурдан.

Зиндагӣ ҳаёт ин мубориза аст, мубориза ба муқобили марг. Аз ин лиҳоз, инсон қудрати бузурге дорад, ки ҳама гуна терроризму эктремизм, вандализм ва дигар «исм»-ҳои нодаркору номатлуб, харобиовар, инсонбадбинонаю зишткоронаро аз байн бардорад.

Мардуми диёр асосан ҷавонон бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, роҳи дурусти ҳаётро бо ақли солим интихоб намоянд. Мардуми шарифи Ватан, ки имсол 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд, аз сабақҳои талхи гузашта панд гирифта, ба ягон дассисаву бегонапарастии фарзандон роҳ надиҳанд.

Қосимов Фирдавс, мудири шуъбаи таблиғот ва итилооти  КИ ҲҲДТ дар ноҳияи Вахш    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg