Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ҷамоати деҳоти Шӯрообод бо синфҳои болоӣ суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Сунатуллоева Мавзуна атрофи масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумласамтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, сиёсати ҷавонон, бузургони илму фарҳанг ва нақши онҳо дар замони муосир, тарзи дурусти кор бо сомонаҳои иҷтимоӣ, интихоби касби муносиб ва рақобатпазир дар бозори меҳнат, нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ суханронӣ намуд.