
А.ҶОМӢ. Дирӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 бо иштироки қишрҳои гуногуни маҳаллаи Боқӣ Раҳимзода, ҳамзамон аъзои ташкилоти ибтидоии ҳудуди ҷамоати деҳоти Иттифоқ хониши сиёсӣ баргузор карданд.
Дар рафти баргузории хониши сиёсӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода доир ба масъалаҳои тарғиби самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ, саҳмгузорӣ дар тарбияи насли наврасу ҷавонон, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, гирифтани пеши роҳи шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани дараҷаи ҳушёриву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, масъалаҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон, роҳ надодан ба никоҳи хешутаборӣ ва бармаҳал, риоя ва татбиқи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор дода, аҳ ҳамагон даъват ба амал овард, ки дар татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари дав лат масъулияти бештар зоҳир карда, зиндагии хешро аз ин дида хубтару беҳтар намоянд.