ҶАЙҲУН. Ҷиҳати татбиқи аксияи муштараки вилоятии ҳизбӣ оид ба тозакунии дохил ва ҳудуди қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ”, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҷамоати деҳоти Панҷ дар оромгоҳҳои деҳаи Рӯдакӣ, Замини нав, Ваҳдат, Пахтакор, Айнӣ бо ҷалби беш аз 1800 нафар аъзои ҳизб, 8нафар эмомхатибон ва фаъолони деҳаҳои болозикр Аксияи мазкур баргузор гардид.
Дар аксияи ҳизбӣ сокинон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дохил ва атрофи оромгоҳҳои деҳаҳоро аз алафҳои бегона ва растаниҳои худрӯй тоза карда, бехи дарахтонро нарм намуданд.
Инчунин, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба бартараф намудани камбудиҳои дар баъзе оромгоҳҳо ҷойдошта ба фаъолони деҳаҳо маслиҳатҳо доданд.