Н.ХУСРАВ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ва бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карданд, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои ташвиқотиро оид ба корҳои ободонию амалисозии дастурҳои Паёми имсола дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ роҳандозӣ намуда истодааст.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроия ва дастгирии аъзои фаъоли ҳизб Ҷумаев Ҷурабек дар деҳаи Муъминободи ҷамоати деҳоти Истиқлол Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» баргузор намуда, роҳи кӯчаи даромади деҳа ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и деҳаро, ки солиёни дароз рӯи таъмирро надида буд, ба масофаи зиёда аз 1 км. сангфарш намуданд. Ин амали нек барои дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ гардид.