БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВАССОФИ СУЛҲУ ДӮСТӢ

Н.ХУСРАВ.   Ҷиҳати дар  сатҳи  баланд ташкил   намудани   110-  солагии   Қаҳрамони  Тоҷикистон, шоири Халқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода   дар  муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумии  ноҳия, маҳфилҳои  қироати шеър ва озмунҳои  адабро   аз  ашъори  Мирзо  Турсунзода баргузор намуда  истодаанд.

Ин  навбат  масъулини  Кумитаи  иҷроия  дар муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  № 13 миёни  хонандагон маҳфили  қироати  шеър ва  озмунҳои  адабӣ аз  ашъори  устод Мирзо  Турсунзодаро   баргузор намуданд.

Хонандагон  аз  ашъори   пурғановати устод  Мирзо Турсунзода шеъру  достонҳоро  бо  як  маҳорати  хосса  қироат  карданд.  

Раиси  Кумитаи  иҷроия  Ализода  Сураё маҳфили  адабиро бахшида  ба  110-солагии устод  Мирзо  Турсунзода  ҷамъбаст  намуда,  қайд  кард, ки  ҳар  қатрае, ки  аз  қалами  гавҳарбори  устод чакидааст, дар  хазинаи  фарҳанги  халқамон  ҷои  намоёнро  ишғол менамояд.  Шеърияти  дилбаронаи  назми  шоири бозаковат  ва соҳибдил аз  марзҳои  кишвараш гузашта, ба  мамлакатҳои  дуру  наздик  парвоз  кард. Устод  Мирзо  Турсунзода  ҳамчун  шоир, драматург, публицист   ва  ходими  намоёни  давлатӣ  содиқона  ба миллат хизмат  намуда, истеъдоди  бисёрпаҳлуи  худододи худро  ба хидмати  халқу  Ватан, миллат пурра  сафарбар  намудааст.  Дар  замони  соҳибистеқлолӣ  барои  хизматҳои  барҷастааш  дар  муаррифии   миллату  кишвар дар  арсаи  байналмилалӣ бо  унвони  олии  Қаҳрамони  Тоҷикистон  сарфароз  гардонида  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg