БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ ТАБЛИҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ХУРОСОН.  Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»,  «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат» ва озмунҳои ҳизби, ки таҳти унвони «Мо бо шумоем» барои маъюбон баргузор мегардад, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи №18 мулоқот доир гардид.

Зимни мулоқот Назаров Аъзамҷон корманди ҳизби ноҳияи Хуросон  суханронӣ намуда, ҳадафу мароми баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявиро ба хонандагон расонид.

Мавсуф гуфт, ки озмунҳо бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҷсилоти миёнаи умумӣ доир мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg