БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АЗ МУҲТАВОИ ПАЁМ МАЪЛУМОТИ ЗАРУРӢ ПАЙДО НАМУДАНД

ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи фарҳанг ” оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат доир намуданд.

Дар суҳбат дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон аз Паём то Паём сухан рафта, қайд гардид, ки бо пандемияи Ковид- 19 ва буҳрони шадиди иқтисодӣ нигоҳ накарда, Тоҷикистон аз Паём то Паём дар ин шароити хеле душвор қадамҳои устувор ба пеш гузошт. Дар соҳаи иқтисод, роҳу нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, фарҳанг  ва варзиш дастовардҳо хеле зиёданд.

Дар суҳбати доиргардида ҳозирин дар бораи муҳтавои Паём маълумоти пурра ва зарурӣ пайдо намуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg