БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР МАҲАЛ

ФАРХОР. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Фархор корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, истифодаи мақсадноки неруи барқ ва моҳияти озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон -Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат”  бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.

Зимни гардиш ба сокинон варақа – таъкидҳо тақсим намуда, бо иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои болозикр суҳбат карданд.

Инчунин, иброз доштанд, ки Пешвои миллат дар Паёмашон таъкид карданд, ки соли 2021 бениҳоят соли вазнин мешавад. Аз ин лоҳиз аз аҳолӣ хоҳиш карда шуд, ки заминҳои наздиҳавлигиашонро самаранок истифода баранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg