БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПОСИ ХОТИРИ ГУЗАШТАГОН

ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик якҷоя бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳраки “Баҳманруд” оид ба тоза намудани дохил ва   атрофи оромгоҳи Маҳаллаи №1 – и  Ҷамоати шаҳраки мазкур  аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ”-ро  доир намуд.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Каримов Лоиқҷон ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулманонов Сорбон иштирок дошта, дар суҳбат бо сокинон вобаста ба Паёми навбатии Пешвои миллат, ҳадафҳои стратегии мамлакат ва гояҳои созандаи ҲХДТ андешаронӣ карда, иштирокдорони чорабиниро ба амалҳои неку созанда ҳидоят намуданд.

Мулоқоти  намояндагони  ҳизбӣ писанди сокинон гашта, дар батартиб даровардани дохил ва атрофи оромгоҳи мазкур саҳм гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg