БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ ШЕЪРУ ДОСТОНХОНӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ЛЕВАКАНТ. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант озмуни шеъру достонхонӣ дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода шоири қаҳрамон- вассофи сулҳу ваҳдат” миёни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр доир гардид.

Дар озмуни мазкур раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина Дилмурод, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Олимзода Низора, намояндаи бахши маорифи шаҳр Бердӣ Валиев ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки озмуни мазкур дар доираи ҳамкории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо бахши маорифи шаҳр дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода доир карда мешавад, мақсад аз баргузории озмуни мазкур дарёфти истеъдодҳои нав, мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни хонандагон, арҷ гузоштан ба хизматҳои шоёни устод Мирзо Турсунзода мебошад, - гуфт Олимзода Низора.Пеш аз оғоз, шартҳои озмуни мазкур, талабот ва дигар қоидаҳои баргузории он маълумот дода шуд.Сипас, ҳайати комиссияи озмун шеър ва достонҳои пешниҳодшударо шунида, ғолибони озмунро Шаҳёди Ниёзали хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №10, Қурбонова Марҷона хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, Софияи Шуҳратҷон хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва Шералиева Марҷона хонандаи муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №12-ро бо Сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант қадрдонӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg