БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ МАЪРИФАТИ ДИНӢ

АНДЕША.  Сиёсати  Асосгузору сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат  ба дин боиси ифтихор ва қадршиносист, ки Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатӣ нисбат ба дин ғамхории махсус зоҳир менамоянд. Тайи роҳбарии ин хирадманди майдони сиёсат муносибати давлат ва ҷомеа нисбат ба дин қатъиян тағйир   ёфт. Дин ҳамчун рукни  муҳими инкишофи фарҳанги миллӣ таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мақом ва мартабаи хоси худро дар ҷамъият касб кард. Дар кишвар муносибат бо масҷиду мадорис, таълими динӣ ва эҳтироми аҳли диндорон  баланд гардид. Агар дар даврони пеш аз 70 солаи шўравӣ дар кишвар ҳамагӣ сесад - чаҳорсад масҷид амал мекард, дар пас аз  соҳибистиқлолӣ теъдоди онҳо дар маҷмўъ аз чоруним ҳазор гузаштааст. Ин нишонаи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои амалишавии озодии виҷдон ва эътиқодро пайгирона таъмин менамояд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сиёсӣ дар ин сиёсат  хатти марказиро ишғол намуда, сиёсатеро пеш бурд, ки дар баҳамоии арзишҳои миллӣ ва динӣ бениҳоят хидмати арзанда кард. Ў манфиатҳои динию миллиро аз майдони ҷанги шаҳрвандӣ ба минбари музокирот ва майдони ҳамдигарфаҳмӣ расонд.

Тоҷикистон қатъи назар аз оне, ки беш аз 97 фисади аҳолиаш мусулмон аст, эҳтироми ҳуқуқу озодии виҷдонро дар партави Конститутсия ва қонунҳои кишвар амалӣ менамояд. Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ озодии виҷдон ва баробарии ҳамаи дину мазоҳибро эътироф намуда,  намегузорад, ки пайравони як дин ва ё мазоҳиб нисбати дигаре бартарӣ  ва афзалиятро дошта бошанд. Дунявият на танҳо озодии эътиқод ва виҷдон ҳамзамон воситаи муҳими фаъолияти динҳо, зоҳирёбии озодии виҷдони шаҳрвандон аст. Айни ҳол дар кишвар беш аз  4500 масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, 87 ҷамоатхонаҳои исмоилиён, 81 ташкилотҳои динии ғайриисломӣ, 19 мадрасаҳои исломӣ, як Донишкадаи исломӣ ва пайравони бештар аз 10 дину оинҳои мухталиф озодона зиндагӣ ва кор мекунанд.   Ин нишонаи он аст, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷомеаи демократӣ ва давлати дунявӣ вазифаҳои таърихии худро назди шаҳрвандони кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ  иҷро менамояд. Тоҷикистон ҳамчун давлати сохибихтиёр узви Конфронси давлатҳои исломӣ ва чандин ташкилотҳои байналмилалист, ки ба тозагии эътиқод ва диндории поки шаҳрвандон мусоидат мекунад. Сазовори қайд аст, ки ҳамаи ин дастовардҳо  зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Зери роҳбарии ў  сиёсати давлатӣ аз атеизм ба дунявият гузар намуда, Тоҷикистон ба як кишвари озод, ки фаъолияти ҳамаи дину ҷараёнҳоро кафолат медиҳад, табдил ёфт.  Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ 1992-1997 солҳои вазнин буд. Ба Президенти ҷумҳурӣ зарур буд, ки байни ду ақидаи мубориз, ду андешаи мухолиф ва ду сангари оташгирифта   сулҳу суботро таъмин намуда, дастовардҳои умумиинсонӣ  ва таърихию динии худро дар як зина бояд нигоҳ дорад. Ў  бо сарбаландӣ аз уҳдаи чунин вазифаҳои вазнини таърихӣ ва тақдирсоз баромад.

Хидмати Президент ва  муборизаи ў дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ ва динӣ ҷузъи ҷудонашавандаи таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии  халқ буда,

солҳои ҷанги шаҳрвандист, ки фарогири солҳои 1992 ва 1997 мебошад. Ин давра дар навбат худ шартан ба ду қисмати нисбатан мустақил тақсим мешаванд. Қисмати аввали он солҳои 1992  то декабри соли 1994, ки нахустин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» кабул шуд. Қисмати дуюм солҳои 1994 то моҳи июни соли 1997 –ро фаро мегирад.  Яъне, то бастани Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон. Қисмати якум солҳои вазнини ҳимояи ислом ҳамчун дин, ҳамчун арзиш ва эътиқоди беолоиш буд. Вазифаи асосӣ дар сиёсати давлатӣ ва байни ҷомеа  ҳимояи покизагию муқаддасоти ислом буд. Фишорҳои дохилию хориҷӣ  ба вазъи диндории кишвар ва муборизаҳои мухолифин ва ҷонибдорони исломӣ дар паҳнои ҷанги шаҳрвандӣ вазъияти диндорӣ ва муносибат ба исломро ба ҳолати ногувор гирифтор карда буд.   Ин солҳо солҳои вазнини мухолифати арзишҳои динӣ, миллӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ дар кишвар буд. Таи ин солҳо ҳам арзишҳои динӣ, ҳам миллӣ, ҳам арзишҳои сиёсӣ ва ҳатто ҳуқуқии кишвар майл ба ҷонибҳои мухталиф дошт. Қисмате аз шаҳрвандон зери таъсири ҳаракатҳои экстремистию террористии хориҷӣ дини мубини исломро воситаи муборизаи сиёсӣ қарор дода, баҳри исломикунонии режими сиёсӣ мубориза мебурданд. Маълум аст, ки онҳо ҳама арзишҳои диниро мансуб ба хеш дониста, ба ин ҳукм дигаронро маҳкум мекарданд.  Арзиш ва ҷаҳонбинии динӣ ва миллӣ дар сангарҳои мухталиф тавассути васвасаи неруҳои беруна қарор гирифта буд. Ислом ва ғояҳои исломиро назди ҷомеа аз назари бад муаррифӣ мекарданд. Нақши Президент дар кори нигоҳдошти мувозинати ин арзишҳо дар ҷомеа ва эътирофи баробарвазни онҳо дар байни мардум бениҳоят бузург ва хотирмон буд.  Ў тавонист, ки дар он солҳое, ки садҳо ҷавонони тоҷик дар майдонҳои ҳарб бо ҷурми мусулмону  ғайримусулмон ба қатл мерасиданд, тозагии ислом ва рабте надоштани исломи аслиро ба ин моҷароҳо ба ҷомеа фаҳмонад. Ў ба мардуми Тоҷикистон фаҳмонд, ки ҷангу муноқиша ва моҷароҳои  миёни шаҳрвандон на аз диндорӣ, балки динро ба воситаи муборизаи сиёсӣ табдил додан сар задааст. Чунин муносибат буд, ки дар дохили кишвар муносибати шаҳрвандон нисбат ба ислом ва мазҳаби аҷдодиашон тағйир наёфт. Мақом ва мартабаи ислом дар ҷомеа ҳамчун дини аҷдодӣ ба тозагӣ нигоҳ дошта шуд. Ин дар ҳолате буд, ки дар дохил ва хориҷ низ қувваҳои зидди исломӣ ва нерўҳои сиёҳкунандаи дини мубини ислом  кам набуданд. Роҳбари давлат  тавонистанд аз миёни ин имтиҳоноти вазнин мардуми Тоҷикистонро гузаронанд. Омили ин музаффарият сиёсати дуруст ва таҳлилгаштаи Роҳбари давлат буд. 

Саидасрор   Ғуломов, муовини раис – мудири шуъбаи    ташкилӣ ва кор бо кадрҳои  ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg