БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон амалҳои террористиву экстремистиро маҳкум мекунанд

ВОСЕЪ. Бо афсарону сарбозони қисми низомии 13483 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, намояндаи Маркази ВНМО Намозҷони Бахтиёр вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ  масъулин  оид ба пешгирии бемории вируси норасоии  маснунияти одам, ба роҳ мондани мубориза бар зиддӣ ин беморӣ ҳамчун вабои аср ва бурдани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба хотири таъмини солимии ҷомеа суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ аъзои намояндагии  ТТҶ “Созандагони Ватан” ва аъзои “Ихтиёриён” низ иштирок намуда,  барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон аз хатари терроризму экстремизм баромад карданд.

Дар охир иштирокдорон   иброз доштанд, ки минбаъд низ дар ободиву пешрафти Ватани азизамон ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ саъю талош хоҳанд кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg