БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИРЗО ТУРСУНЗОДА ШОИРИ ҚАҲРАМОН

Чун ниҳодам пои худро бар сари  хоки Ватан,

Борҳо бӯсидам аз рӯхсораи поки Ватан.

АНДЕША. Мирзо Турсунзода яке аз шоирони бузург ва мутаффакири барҷастаи тоҷик мебошад. Хизматҳои ин шоир дар роҳи сулҳу амонӣ ва истиқлолият беандоза аст. Санаи таваллуди шоир 2 майи соли 1911 мебошад. ­Ӯ дар деҳаи зебоманзари Қаратоғи водии Ҳисор  ба дунё омадааст. Мирзо дар нуҳсолагӣ аз меҳрубонию навозиши модар маҳрум мешавад ва дар ин бора чунин  иброз намудааст:

Тифл мондам аз ту, модар, рӯйи ту дар ёд нест,

Қомати ту, чашми ту, абрӯи ту дар ёд нест.

Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар,

Чунки то имрӯз модар кӯи ту дар  ёд нест.

Баъди вафоти модар тарбияи Мирзо  пурра ба зиммаи падар вогузор мешавад. Мирзо Турсунзода таҳсилоти ибтидоиро дар мадрасаи назди деҳаи худ шурӯъ менамояд. Баъдан, соли 1926 ба Душанбе омада дар сафи толибилмони интернат қарор мегирад. Соли 1927- ро ба Дор-ул-муаллимини шаҳри Тошканд мефиристанд. Чор соли таҳсил дар Дор-ул-муаллимин  ва вохӯрӣ бо устод Садриддин Айнӣ барин шахсиятҳо дар рушди ҷаҳонбинӣ ва маърифатшиносии шоир мусоидати комил намуд.

Аз соли 1936 то соли 1946 Мирзо Турсунзода дар вазифаҳои гуногуни адабӣ ва рӯзноманигорӣ кор ва фаъолият намудааст. Мирзо Турсунзода дар бораи сафарҳояш чунин ёдоварӣ кардааст:

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,

Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт,

Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам,

Агарчӣ нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзшт.

Ин шоир ба шаҳрҳои Деҳлӣ, Исломобод, Париж, Варшава, Ҷакарта сафар намудааст. Вале сафаре, ки ба кишвари Ҳиндустон карда буд, дар эҷодиёти шоир як таҳаввулоти ҷиддиеро ба миён овард. Шоир аз зумлу азоби ҳиндуҳо дар шеъри “Бозгашт” чунин ибрози намудааст.

Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,

Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.

Халқи ҳиндуи ситамкашро расон аз мо салом,

Эй суруди ман, агар дорӣ ту ҳам болу паре.

Дар ҳақиқат, мавзӯи сулҳу ваҳдат ва истиқлолияту оромӣ дар ҳаёти шоир ба масал ҳамчун кабӯтари тезпарвозест, ки ба воситаи кӯҳҳои Ҳимолой ва Қаратоғ, аз уқёнусҳои Ҳинду Ором гузашта, ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон ғояҳои сулҳро мерехт. Дар ин эҷодиёти шоир калимаҳои сулҳ, дӯстӣ, бародарӣ, ваҳдат ва истиқлолият бо хатти заррин навишта шудааст.

Мирзо Турсунзода соли 1977 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Ин шоир  бо чандин ордену ҷоизаҳо сарфароз шудааст.  Ӯ академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ва дигар унвонҳоро ба даст овардааст. Моҳи майи соли 2001 ба хотири 90-солагии устод ба ӯ унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд. Шоири бузурги адабиёти муосири тоҷик Бозор Собир дар бораи устод Мирзо Турсунзода чунин қайд намудааст:

Халқ ба шеъри тару ба гармии дидори ӯ,

Чун ба иқлими Ватан бисёр одат карда буд.

Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо халқ буд,

Ҳар куҷое халқ буд, Мирзо Турсунзода буд.

Аз ин гуфтаҳо ман ба хулоса омадам, ки Мирзо Турсунзода бо қаҳрамонию хизматҳои бузурги хеш тавонист, ки дар дили тамоми мардуми тоҷик ва дигар миллатҳо ҷойгоҳи худро пайдо кунад. Маҳз ҳамон сафарҳои бобарори ӯ сабаб шуданд, ки ба чунин муваффақиятҳо ноил гардид.

Муродов Фирдавс, хонандаи сифни 10-и литсейи давлатии “Ориёно”-и шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg