БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ШОИРИ СУЛҲПАРВАР

АНДЕША.  Яке аз ахтарони дурахшони адабиёти муосири тоҷик Мирзо Турсунзода, шоири нуктадону сухансанҷ, ки тавассути осори назмию насрии хеш тавонист, қалби дӯстдорони адабиётро ба даст оварад. Шоир Мирзо Турсунзода дар таърихи  адабиёт ҳамчун адиби инсондӯсту сулҳпарвар шинохта шудааст.

Мирзо Турсунзода тавассути ашъори баландмазмуни худ дар адабиёт  мақоми махсусро касб намудааст.  Мавзӯи занону модарон дар эҷодиёти шоир ба пояи  баланди ғоявию бадеӣ расидааст. Силсилаи шеърҳои  ба модар бахшидашудашро Мирзо Турсунзода дар  маҷмӯаи “Посбони оташ”, гирдоварӣ намудааст. Шоир дар шеърҳояш хислати  модари  тоҷикро басо ҷолиб тасвир намудааст.

Мирзо Турсунзода дар шеъри “ Зан агар оташ намешуд” мақсадро тавассути  ифодаҳои шартӣ баён кардааст.

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.

Дар байти боло шоир аз  санъати бадеӣ ба монанди ташбеҳ, тазод, такрор, тавсиф, маҷоз моҳирона истифода бурдааст. Зан ба оташ монанд шудааст ва ин ташбеҳ   тамоми хислатҳои офарандагӣ ва  созандагии модарро дар худ  таҷассум намуда тавонистааст. Агар дар байти боло ташбеҳкунандаи оташ табиати офарандагӣ ва парварандагии модарро  таъкид намояд, пас дар байти зерин  ташбеҳкунандаи оташ ба ҳароратнокӣ ва  қувваи беҳамтои меҳри модар ишора менамояд:

Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,

Бе чароғи равшани дар шом  мемондем мо.

Дар шеъри мазкур ҳар байт як  паҳлуи шахсияти модарро табиӣ ва дилпазир ошкор сохтааст. Шири модар хусусияти табобатӣ низ дорад.

Бинобар ин, модарон рӯй ва  чашму гӯши тифлро ҳар сари чанд вақт бо шири худ мешӯяд. Шоир аз ин  одати табиӣ модарон нозукбинона  маънӣ бардоштааст, ки он ба хонанда лаззати эстетикӣ мебахшад. 

Гар ба чашми мо намедӯшид  Модар шири хеш,

Кӯри модарзод дар айём мемондем мо.

Дар ҳақиқат ҳам, силсилаи шеърҳои  “ Модарнома” як паҳлуи муҳими лирикаи Мирзо Турсунзодаро ифода намуда, гувоҳи ҳунари волои шоир мебошад. Дигар аз паҳлуҳои эҷодиёти шоирро мавзӯъҳои байналҳалқӣ ташкил медиҳад. Мавзӯъҳои байналхалқӣ  таваҷҷуҳи Мирзо Турсунзодаро ҳанӯз аз  солҳои 30 - юм ҷалб намуда буд. Натиҷаи сафарҳояш ба шаҳрҳои Теҳрон, Деҳлӣ, Исломобод, Париж, Варшава, Вена,  Қоҳира, Хелсинки, Ҷакарта ҷаҳонбинию мафкураи шоирро тағйир дод, ки ин таҳаввулоти фикрӣ боиси шуҳрати  ҷаҳонӣ пайдо намудани  шоир гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистону халқи тоҷикро чун кишвару мардуми сулҳдӯст ба оламиён муаррифӣ кард. Сулҳу амонӣ дар тасвири шоир асоси ободии ҳар  кишвар ва манбаи хушбахтии инсонҳост. Ба ақидаи шоир, сулҳ ба монанди офтоб ё худ баҳор азизу шафиқи ҳамагон аст. Оре, сулҳ  нафаси озоди инсон, ободии ҳар хонадон, хандаи кӯдакон ва бахту иқболи мардум  аст. Сулҳу амонӣ худ аз худ ва  ба осонӣ ба даст намеояд. Барои ин саъю талош  кард ва  дӯстӣ, рафоқат, ҳамдилию якдигарфаҳмиро пешаи худ намуд.

Аз нахустин шеъри силсилаи “ Қиссаи Ҳиндустон” сар карда, тамоми ашъори ба мавзӯи  байналхалқӣ бахшидаи шоир маънӣ ва ғояи умумиинсонӣ касб карданд. Чуноне, ки шоир  дар шеъри “Боздошт” қайд кардааст:

Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,

Дар назар меоварам тороҷгашта  кишваре,

Халқи ҳиндуи ситамкашро расон  аз мо салом,

Эй суруди ман, агар дорӣ ту ҳам болу паре!

Дар ҳақиқат, ашъори ба  сулҳу дӯстӣ ва озодиву истиқлоли халқҳои  мазлуми ҷаҳон бахшидаи Мирзо Турсунзода  ҳамроҳи муаллифи худ ба  масал кабӯтари тезпарвозанд, ки кӯҳу уқёнусҳои мухталифро гузар карда, то тавонистанд дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ғояи сулҳро паҳн карданд. Дар ин гуна ашъори шоир  калимаҳои сулҳ, озодӣ, дӯстӣ, амонӣ, хушбахтӣ ва бародарӣ бо хатти заррин сабт шудаанд.

Мирзо Турсунзода дар дигар асарҳояш, аз ҷумла дар достони “ Садои Осиё” ва маҷумаи “Хоҳари мубориз, Африқо” низ ба  мавзӯи байналхалқӣ муроҷиат намудааст. Мавзӯи сулҳу амонӣ ва ҳамраъйӣ  яке аз рукнҳои асосии эҷодиёти шоирро дар бар мегирад. Сулҳу амонӣ, дар тасвири шоир, асоси ободии ҳар  кишвар ва манбаи хушбахтии инсонҳо  мебошад.

Чуноне, ки дар як шеъраш ишора намудааст:

Сулҳ дар гул – гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,

Дар шуои офтоб толеи баҳру бар аст.

Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,

Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.

 

Шоир дар шеъри боло аз санъати тазод хеле моҳирона истифода бурдааст. Сулҳро дар чашми бедори  модарон ва хоби ороми кӯдакон  мушоҳида кардан тасвири тазодии хубест. Дар ҳақиқат, оромиву осудааҳолии кӯдакон натиҷаи  заҳмату бедорхобиҳои модарон аст. Пас, сулҳу амонӣ худ аз худ ва ба осонӣ ба даст  намеояд. Барои пойдор намудани  сулҳу  амонӣ бояд талош намуд.

Аз таҳлили мавзӯи дар боло  зикршуда ба чунин хулоса  омадан  мумкин аст, ки шоир Мирзо Турсунзода  дар шеърҳои ба мавзӯъҳои  сулҳу дӯстӣ ва занону модарон бахшидааш тавонист, ки ҳам ҳунари нигорандагӣ, ҳам ҷаҳонбиниву  мавқеи иҷтимоӣ, ҳам  таҷрибаи аз ҷаҳонгардӣ андӯхтаи худро дар либоси сухани бадеӣ ба  ҷилва орад. Ин аст, ки эҷодиёти шоир дар адабиёти арзиши худро гум накарда, балки  мақоми арзандаро касӣ намудааст.

Нагуфта намонад, ки тамоми  талошҳои шоир дар роҳи эҷод бар бод нарафта, соли 2001 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии “ Қаҳрамони Тоҷикистон” қадрдони гардонида шуд.

ВОҲИД Дилафрӯз Сафарӣ,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg