БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ШОИРИ ҚАҲРАМОН ВА ВАССОФИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

АНДЕША. Мирзо Турсунзода шоири бузург ва фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, яке аз шахсиятҳои маъруфи асри гузашта, ки хизмати босазое дар роҳи халқу Ватан кардааст, соли 1911 дар гузари Чармгарони деҳаи Қаратоғ ба дунё омадааст. Ба дунё омадани Мирзо барои аҳли хонавода хушбахтии калоне буд, аммо шодии онҳо дер давом накард. Даҳшате, ки соли 1920 тамоми ҷаҳонро фаро гирифта буд, аз баҳри модари Мирзо нагузашт. Модари шоир аз бемории вабо, вақте ки ӯ ҳанӯз хурд буд, вафот мекунад. Шоир алами дили худро, ки аз хурдсолӣ аз модар ятим монда буд, чунин тавсиф мекунад:

    Тифл мондам аз ту модар рӯи ту дар ёд нест,

    Қомати ту чашми ту абрӯи ту дар ёд нест.

Баъд аз вафоти модар тарбияи Мирзо пурра ба уҳдаи падар буд. Ӯ таҳсили ибтидоиро дар мадрасаи деҳаи худашон мегирад. Соли 1924 баъд аз кушодашавии мактабҳои замонавӣ Мирзо ба мактаб – интернати Душанбе меравад. Дар давоми як соли таҳсил, муаллимон истеъдоду дониши ӯро ба назар гирифта, Мирзоро дар қатори дигар толибилмон ба Тошканд мефиристанд. Баъд аз хатми донишгоҳ ӯ ба фаъолияти рӯзноманигорӣ мепардозад. Соли 1927 ӯ ҳамчун аъзои Иттифоқи нависандагон ба кор шурӯъ мекунад. Солҳои 1933-1936 Мирзо Турсунзода маҷбур мешавад, ки Душанберо тарк карда ба Хуҷанд равад. Дар шаҳри Хуҷанд дар театр кор мекард, дар он ҷо яке аз намоишномаҳо бо ҳамсари ояндааш дӯстӣ пайдо карда, оиладор мешавад. Аз соли 1946 сар карда, раиси Иттифоқи  нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда мегирад, то охири умр ин корро пеш мебарад.

Дар солҳои баъди ҷангӣ ҳамаи шоиру нависандагон кушиш мекарданд, ки бо шеърҳои худ рӯҳияи мардумро баланд бардорандва барои азнавсозии Тоҷикистон ёри диҳанд. Мирзо Турсунзода низ дар қатори дигарон солҳои баъди ҷанг барои барқарор кардани сулҳу дӯстӣ ба давлатҳои хориҷи бисёр сафар кардааст. Дар харитаи  ӯ зиёда аз 25 давлат ба қайд гирифта шудааст. Худи шоир бисёр шахсияти ватандӯстдору ватанпарвар буданд ва барои халқи тоҷику Тоҷикистон хизматҳои шоёне кардааст.

Баҳор омад зи умрам боз як соли дигар бигзашт,

Тамоми зиндаги оҳиста аз пеши назар бигзашт.

Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам,

Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.

Мирзо Турсунзода бисёри достонҳои худро аз тарҷумаи ҳоли худ гирифтааст. Ӯ бисёр сафар мекард ва дар сафар ҳар он чи, ки мушоҳида мекард онро тавассути шеър ба руи қалам меовард. Чунон чи шеъри “Қиссаи Ҳиндустон”, достони “ Ҳасани Аробакаш”, достони “Ҷони ширин” аз зиндагии худи шоиранд.

  То тавони дӯстонро гум макун,

  Дӯстони меҳрубонро гум макун.

  Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,

  Мушкилосонкун касонро гум макун.

Дар ҳақиқат мазӯи дӯстӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода бисёр мавзӯи намоён аст. Шоир ҳаматарафа ҷонибдори сулҳу дӯстӣ буда, мешуморад, ки душманӣ ва ҷангу ҷидол барои одамизод ҳеҷ вақт хушбахтӣ намеорад.

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Соли 1977 шоири қаҳрамон бемор шуда, бистарӣ мешавад ва баъди чанд вақт аз олам чашм мепӯшад. Баъди вафоти шоир ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри хизматҳои шоир як ноҳия, як донишкадаро ба номи ӯ мегузоранд. Соли 2001 бахшида ба 90- солагии шоир ба  ӯ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода мешавад хизматҳое, ки Мирзо Турсунзода барои халқи тоҷику Тоҷикистон  кардааст, ҳеҷ вақт фаромӯш намешавад. Мо насли наврас ин шоири фарзонаи тоҷикро тарғибу ташвиқ намуда, шеърҳои ӯро шиори худ месозем.  

Мирқодирова Адолат, хонандаи синфи 10-и  МТМУ №13-и шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg