БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҲФИЛИ ТУРСУНЗОДАХОНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

А.ҶОМӢ.  Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  бахшида ба 110 – солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, муаррифгари сулҳу дӯстӣ, шоири шаҳир устод Мирзо Турсунзода чорабинии умумии хонандагон, аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан"  бо баргузории маҳфиле  таҳти  унвони  "Турсунзодахонӣ" гузаронида шуд.

Дар баргузории маҳфили мазкур Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок ва суханронӣ намуд. 

Хонандагон, аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан"  низ дар навбати  худ , ки бо тайёрии фаъолона иштирок доштанд, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти адиби номдори тоҷик маълумотҳои муфассалро пешкаши ҳаводорон гардониданд. Қироати шеъру достонҳои шоир ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg