БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАҲРИ ЗЕБОГИИ ДИЁР

ВОСЕЪ.  Дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “Литсей касбии техникӣ”-и ноҳияи Восеъ бо мақсади саҳм гузоштан дар ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр бо иштироки ҷавонони меҳнатдӯст шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар шанбегӣ ҷавонон гирду атрофи бинои ташкилотро аз алафҳои бегона тоза намуда, бехи дарахтон ва гулҳои ороиширо нарм карданд, ҷӯйбори обравро тоза  ва дар назди ташкилот барои нумӯи зебо ғасб намудан гулҳои ороишӣ шинониданд.

Лозим ба зикр аст, ки то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии номбурда нақшаи гузаронидани шанбегиҳо ба тасвиб расидааст ва минбаъд низ ҷавонони ин муассиса саҳми худро дар чунин корҳои ободонӣ мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg