БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ВОЛОНТЁРОН ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДОРАНД

ВАХШ.  Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, инчунин ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни занону ҷавонон ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва дигар заминҳои гирду атрофи идораву муассисаҳо аз ҳисоби волонтёрон, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» миёни  занону ҷавонон бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ рафта истодааст.

Дар корҳои тарғиботӣ волонтёрон низ фаъолона иштирок намуда, дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбро миёни сокинон тарғибу ташвиқ карда, аз сокинон даъват ба амал меоранд, ки бо риояи гигиенаи шахсӣ аз ҳамагуна  бемориҳои сироятӣ худро ҳифз намоянд ва ҷиҳати  саҳм гузоштан дар  таъмини амнияти озуқаворӣ заминҳои дарихтиёрдоштаашонро самаранок истифода баранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg