А.ҶОМӢ. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, силсила чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ ва сайру гашти идонаи сокинон баргузор гардида истодааст.
Дар толори хурди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ибтикори намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дастгирии ҳамаҷонибаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, мизи мудаввар таҳти унвонҳои «Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе» ва «Тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ» гузаронида шуд.