Н.ХУСРАВ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати тарғибу ташвиқи озмунҳои ҷумҳуриявии « Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, кормандони фарҳанг ва сокинон пайваста корҳои оммафаҳмонӣ бурда мешавад.
Ин навбат масъулини Кумитаи иҷроия бо омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи № 26 ва дар байни волониёрони ТҶҶ «Созандагони Ватан» вохӯрию суҳбатҳо баргузор намуда, мақсади озмун, аз ҷумла баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ буданашро фаҳмонида дода, номинатсияҳои он, давраҳои баргузорӣ ва талабот ба иштирокчиёни онҳо ҷоизаҳои озмун ҳамчунин маблағ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро мегиранд, тарғиб карда шуд.
Дар ҳамкори бо шуъбаи маорифи ноҳия талаботи Низомномаи озмунҳо ҳайати ҳакамон аз ҳисоби кормандони шуъба ва омӯгорони соҳибтаҷриба интихоб шуда, аз рӯи номинатсияҳои он корҳо рафта истодаанд.