ФАРХОР. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб ҷиҳати баргузории корҳои тарғиботӣ оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҷамоати шаҳраки Фархор бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Масъулин ҳангоми суҳбат иброз доштанд, ки тибқи маълумоти коршиносон соли 2021 соли вазнин аз ҳама ҷиҳат, чӣ иқтисодӣ ва чӣ аз ҷиҳати иҷтимоӣ барои ҳамаи ҷоҳониён пешбинӣ шудааст. Аз ин лиҳоз моро мебояд, ки аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентии худ самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озиқавории мамлакат ва оилаи худ саҳмгузор бошем. Ҳамчунин, дар масъалаи пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ, ки омили асосии пешрафти соҳаи саноати кишвар мебошад, бетараф набошем.