БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

…ЗЕБАНДА ТУРО ЛИБОСИ АТЛАС !

АНДЕША. Яке аз рукнҳои давлату миллат ин либоси миллӣ ба шумор меравад. Аслан ба бар кардани либоси миллӣ хоси занон буда, аз нигоҳи аввал ба кадом миллат мансуб будани ӯро муайян кардан осон аст. Хусусан занону бонувони тоҷикро.

Мутаассифона,  ҷавонони солҳои охир  дар шабакаҳои интернетӣ барои дарёфти муди нав ворид мешаванд ва бисёртар ба пӯшидани сару либосу ороиши мӯю рӯй таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бештар ба пӯшидани либосҳои бегона, ки хоси миллати мо нест,  тақлид мекунанд, ки ин  симои зоҳирии тоҷиконаро  бисёр зебост,  коста мегардонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як қатор чорабиниву озмун ва маъракаҳое, ки солҳои охир  бахшида ба  таҷлили ин ё он ҷашн барпо мешавад, як номинатсияро  намоиши либосҳои миллӣ ташкил медиҳад, ки аз тамошои либосҳои сирф тоҷикӣ ба мисли чакану атлас, куртаю поҷомае,ки ба феҳристи либосҳои миллии давлати тоҷикон дохиланд, ба маърази тамошо гузошта мешавад, ки ҳар бинанда ба худ лаззати маънавӣ мегирад.

Дар феҳристи либоси миллӣ ба бар кардани либос ба синну сол ва дар кадом маврид пӯшидани либос муайян карда шудааст.

Дар байни  халқ чунин масале ҳаст, ки мегӯянд: «Хӯрокро барои худат  хӯр ва либосро барои дигарон  пӯш» .

Аслан либос ҳам кӣ будан ва чӣ гуна будани хислату рафтори шахсро  муайян мекунад. Одами  боақлу ҳушманд аз пӯшидани либоси дигарон  ба худ  таҷриба  мегирад.

Чи хеле ки дар боло зикр кардем  ба бар кардани либоси атласу адрас ва ё чакан вақт,  мавсим ва ҷойи худро дорад.  Наметавон ин гуна либосро  доимо ба бар кард.  Бисёре аз минтақаҳои кишвар расму оин ва  анъанаи  худро дорад, ки риояи онҳо ҷоиз шуморида мешавад ва ин ҳам бошад як вақти муайянро дорад, мисол дар вақти азодорӣ ё маросимҳои азодорӣ одамон либоси сиёҳ ё кабудро мепӯшанд ва бо аз байн рафтани вақти муайян аз худ дур месозанд.

Чӣ хеле ки аз мушоҳидаҳо бармеояд, баъзе аз ҷавонони имрӯза қариб аз пӯшидани либосҳои миллӣ шарм мекунанду ба бар кардани сару либоси ба мо бегона майл доранд. Як мисоли рӯшан ин аст, ҳамаи мову шумо шоҳиди ҳолем, ки  дар кӯчаву бозор ҷавонон куртаҳои дарози то пушти по (ба гуфти ҷавонон платя, ҳол он ки платя бо тоҷикӣ курта мешавад) мепӯшанду дар по попӯшии «красовка», дар сар рӯймоли миллӣ. Ин гуна либоспӯшӣ агар ба худи онҳо маъқул бошад ҳам,  ба дигарон аз паст будани маданияти либоспӯшиашон дарак медиҳад, ки ба чашми бинанда нозеб аст. Ё гирем рангу бор кардани мӯю рӯи бархе аз ҷавонон ё умуман занону бонувонро. Занону бонувони тоҷик табиатан зебо ба назар мерасанд, бахусус дар айёми ҷавонӣ. Давраи ҷавонӣ давраест, ки  фасли баҳорро мемонад, ки дар баҳор ҳоҷат ба рангу бори  сохтаву  сунъӣ нест. Вале бархе аз  ҷавонон дар рӯзҳои муқаррарӣ ва ё дар рӯзи тӯй чунон рангу бор мекунанд, ки баъди тӯй қариб арӯсро  шаҳбача намешиносад. Баъзе аз духтарон ба масхарабозҳои сирк (клоун), узр мепурсам барои ин тасвирҳои воқеӣ, монанд мешаванд, ки аз дидани чунин ороиш  дилат беҳузур мешавад. Чанд ҷумлаи дигарро мехоҳам д доир ба рӯймолбандии занону бонувон гуфта бошам, ки инро ҳамагон ҳаррӯз  бармало  мебинанд. Духтарон ва бонувони зебои мо бастани рӯймоли тоҷикиро қариб фаромӯш кардаанд. Қисми зиёди духтарону бонувон бошанд ҳамонгунае рӯймол мебанданд, ки гӯё навакак аз ҳаммом баромада бошанд ё дар сар салла  ( дастор) баста бошанд.

Ҳамватанони азиз! Агар ватани худро дӯст медоред ва дар Тоҷикистони биҳиштосо умр ба сар мебаред, биёед дастҷамъона дар ободу зебо, эҳё ва аз нав рӯи кор овардани расму оин ва анъанаҳои тоҷикӣ, Ватани зебою азизамон, ки номаш Тоҷикистон аст,  тоҷикона зиндагӣ кунем  ва барои аз байн бурдану истифодаи унсурҳои ба миллати мо бегона даст кашида,  ояндагонро  ба роҳу равиши тоҷикона  талқин созем.  

Мавзуна  Сунатуллоева, мудири шуъбаи кор занон ва чавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин                             

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg