БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум аз фитнаҳои гуруҳи наҳзатиҳои лаънатӣ огоҳ аст!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо ҷавонони ҳушманди мо андеша ва ақидаҳои муғризонаи аъзои гуруҳи ифротии наҳзатиҳоро шадидан маҳкум менамояд. Имрўзҳо пайравони ин гуруҳи экстремистӣ, бо ҳар гуна роҳу восита мехоҳанд авзои ороми кишвари азизамонро нотинҷ сохта, тавассути барангехтани кинаву адоват миёни миллати сарбаланди тоҷик шуру низоъро ба миён оваранд.

Ин хиёнаткорони ифротӣ ва аз ҷониби мардуми тоҷик лаънатгашта (дар миёни мардум бо номи “Наҳзатиҳои лаънатӣ” машҳуранд, то ба ҳадде гирифтори ҳасуду кина, дурўғ ва нотавонбинӣ шудаанд, ки ба дилхоҳ дастоварду пешравиҳои Тоҷикистон рашку таассубашон зиёдтар мегардад. Мо хуб огаҳем, ки ин аҷнабисурату аҷнабисиратон кишвареро, ки нав соҳибистиқлол гаштааст, мехоҳанд бо дасисаву маблағи ғаразноки хоҷагони хориҷиатон ба коми оташ кашида,  дигарбора ҷанги бародаркуширо роҳ андозанд.  

Мардуми сарафрози тоҷик ҳеҷ вақт намехоҳад, ки  дигар он рўзҳои сахти солҳои навадум ба сараш баргардад. Мо ҳама он дассисаву найрангҳои иблисонаи наҳзатиҳои лаънатиро кайҳо фаҳмида, маҳкум намуда, ҷонибдори ягон андешаи муғризонаашон нестем.

Гуруҳи наҳзатиҳо динро бозичаи дасти худу хоҷагони хориҷиашон қарор дода, аз ин роҳ кӯшиш карда истодаанд мардумро фирефта сохта ба сафҳои худ ҷалб намоянд ва ба мақсадҳои нопок истифода баранд, суботу амнияти ҷомеаро барҳам зананд ва марбумро бадбахту хонумонсӯз созанд.

Ҳоло шукри Худованд, ки бо роҳбарии Пешвои миллат дар сар то сари кишвар сулҳу оромиӣ  ва ваҳдату якдилӣ бараъло мушоҳида мешавад. Дар чунин шароит мардум ба як исломи созанда, яъне исломе, ки мардумро сарҷамъ намояд  ва   фарҳанги  волои ахлоқию маънавиро  дар вуҷуди инсонҳо тарбия созад, ниёз дорад на  ба исломе, ки сиёсат ва авзои ороми давлату минтақаро халалдор намояд.

Аъзоёни Шурои намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Панҷ дастаҷамъона бар зидди кирдорҳои нопоки наҳзатиҳо ва ғояҳои ифротии гуруҳашон муборизаи беамон бурда, ҷавобан барои таҳкими сулҳу суботи пойдор, ҳимояи сохти Конститутсионии мамлакат, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати сулҳофару созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талоши ҳамешагӣ намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишварамон саҳми худро мегузоранд.

Мо ҷавонон  ҳама заҳмату талош, раҳнамоиву роҳбарӣ ва ояндаандешии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  қадр намуда, то лаҳзае, ки ҷон дар бадан дорем, баҳри Тоҷикистони маҳбубамон ба мисли Пешвои маҳбуби миллат барои пойдории ин Ватан ва сулҳу суботи он талош меварзем.

Холов Диловар-роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg