ВОКУНИШ. Дар шакли умумӣ ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳои чапгарое мебошад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷудбударо ба хотири ихтилоф ангехтан миёни мардум ба ҳар навъ инкор мекунад.
Ифротгароие, ки дар соҳаи сиёсии ҳаёти давлат ва ҷомеа ба миён меояд, ифротгароии сиёсӣ ва ифротгароие, ки дар соҳаи дин ба миён меояд, ифротгароии динӣ ном дорад.
Дар ҷомеаи мо солҳои навадум ҳам ифротгароии сиёсӣ нуфуз кард ва ҳам ифротгароии динӣ ва ифротиҳои ашадӣ дар ин миён наҳзатиҳо буданд, ки аз дин барои расидан ба хостаҳои сиёсии худу хоҷагони хориҷиашон суистифода карданӣ шуданд.
Ҳатто буданд давраҳое, ки мардумро маҷбур ба афғонистон муҳоҷир мекарданд ва дар он ҷо ҷавононро мағзшӯӣ намуда, бар зидди давлату ҳукумати қонунӣ мешӯронданд.
Шоҳидони ҳодиса нақл кардаанд, ки дар он ҷо ҳам ҷосусони Эрон ба ин гуруҳи ифротӣ кӯмак карда, барои ҷанг дар Тоҷикистон омода мекарданд. Албатта, мо мардуми хайрхоҳу бахшандаи тоҷик ҳамаи инро ба хотири ваҳдату якпорчагии кишвар ва оромиву осудагӣ бахшидем. Мо хуни ҳазорон фарзандони ҷасур ва олимону донишмандонамонро, ки ба гардани наҳзатиҳои лаънатӣ ва охундҳои найрангбози эронӣ буданд, бахшидем. Дасти дӯстиву бародарӣ дароз кардем ва бо иддаои фарҳангу забони муштарак сатҳи ҳамкориҳоро ба шарикии стратегӣ наздик овардем. Аммо гардиши замон нишон дод, ки охундҳои Эрон ҳоло ҳам аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбати Тоҷикистон даст накашидаанд.
Дар ҳақиқат наҳзатиҳои малъун мисли босмачиҳои манғит ҳеҷ як пешравиву ободиро намехоҳанд. Дар назари онҳо тоҷик бояд ғуломи пантуркистону панохунистҳо бошад. Аммо миллати тоҷик дар ҳама давру замон истиқлолияти фикрии худро ҳифз кард ва имрӯз баъд аз ҳазору чанд сол ба истиқлолияти комил расид. Мо ҷавонон ҳомии ин Истиқлолият ва суботу оромии Тоҷикистони азизамон ҳастем ва намегузорем наҳзатиҳои охунпараст фазои ороми Ватани моро ғуборолуд кунанд.
Суҳроб Авлиёзода, узви Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, вилояти Хатлон, н. Данғара