БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҲЗАТ ҶОЙИ ШАЙТОНУ МАЛЪУНОН АСТ, НА ҶОЙИ ИСЛОМУ МУСАЛМОНӢ

ВОКУНИШ. Чанде қабл тавассути оинаи нилгун филми «Ҳазрати Юсуф»-ро тамошо кардаму барои хеш матлаберо равшан сохтам. Чун таърих инро исбот намудааст, ки дар ягон давру замон шахсеро, ки нафсаш ба руҳаш ғалаба кардааст, нафъаш ба ягон ҷомеа нарасидааст. Онҳо шахсони хатарнокеанд, ки ҳатто барои  ду пул модари худро мефурeшанд. 

Инҷо мисол аз филми «Ҳазрати Юсуф» овардан ҳамон Коинони маъбади Омун аст, ки аз пешвоёни ҳизби мамнуъгаштаи наҳзат ягон каму костагӣ ва фарқият надоранд. Онҳо низ солиёни зиёд зери ниқоби Худоён, Омун, ки аз тангисҳои сангину лоин сохта шуда буд, мардуми Мисрро бо фиребу найрангҳои худ гумроҳ намуда, танҳо барои нафъи худ зиндагонӣ мекарданд. Онҳо ҳатто қатли ҷони Фармонраво Оминҳутиб карда, миёни мардуми гумроҳ  дассисаву иғворо роҳандозӣ мекарданд.

Ҳизби мамнуъгаштаи наҳзат  низ солҳои нахуст таъсис ёфтани давлати навини Тоҷикистон таъсис ёфта, барои расидан ба амалҳои зишти худ мардумро зери ниқоби Исломи муқаддас ба гумроҳӣ бурданд. Ин ҳама майдоннишиниҳо, фирориҳо мардуми тоҷик аз Ватан, даргирии ҳазорон корхонаву манзилҳои истиқоматӣ, аз ҳам пошидани миллату давлат дассисаи ҳизби наҳзат буд. Мутаассифона аз онем, ки ин амалҳоро бо ду пули ҳарому ночиз маҳз ҳамватанони мо, ки онҳоро забон барои ҳамватан гуфтан пеш намеравад, ба сари ин миллат овард.

Ҳамчун як зан ба худ меандешам, ки ин Кабирии разил аз хоҷаҳояш чи миқдор маблағ гирифта бошад, ки қодир аст, амалҳои пастеро дар хоки сарзамини хеш, хоке, ки e дар он бузург шудаву то ба номи Кабирӣ расидааст, анҷом диҳад. Ба Кабирии лаънатӣ ва ҳамдастону хоҷагонаш муроҷиат намуда гуфтанием, ки дигар ягон тарзу усул, васила ва нақшаҳои разилонаи ТЭТ Ҳизби наҳзат дар хоки сарзамини Тоҷикистон ва ҳатто дар миёни муҳочирони меҳнатию шахсони гумроҳи тоҷик амалӣ намегардад. Он ҷавонони гумроҳе, ки имрeз бозичаи нақшаҳои нангину разилонаи шумо мегарданд,  наздикон ва ё ҷавонони гумроҳи қаблан мағзшeнамудаи шумост. Дигар даст аз сари ин миллат, ин  давлат бардоред. Худро камтар дар назди хоҷаҳоят шарманда ва ноком соз, бе  инам ту дар тамоми ҷаҳон ҳамчун шахси разил ва хоини миллат дониста шудаӣ. Барои инсони бовиҷдон аламовар он аст, ки миллат eро аз хоки Ватанаш пеш кунанд. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш то охири умр барои як мушт хоки Ватан дар ғарибӣ мисли саг мемиранд.

Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, узви КИМ ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg