БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ: МАКТАБИ РУШД ВА ХУДТАКМИЛДИҲӢ

ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҷалби бештари ҷавонон барои иштирок дар раванди созандагиву бунёдкориҳои кишвар курси омӯзиширо барои ҷавонон зери унвони «Созандагони Ватан» дар толори Гимназияи давлатии ноҳияи Панҷ командони Кумитаи иҷроия  дар мавзӯи «Фаъолияти волонтёрӣ: мактаби рушди ва худтакмилдиҳӣ» баргузор карда, гузаронида шуд. Инчунин оид  ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи  субҳи доноӣ  китоб аст», «Тоҷикистон –Ватани азизи ман»,  «Илм фуруғи маърифат», самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, татбиқи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ карда шуда, ҳамзамон оид ба эълон гардидани «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод -2021»  дар бораи рӯзҳои ид, «Душанбе-хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ва мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбатҳо барпо гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg