БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҲФИЛИ АДАБӢ БАХШИДА БА 110-СОЛАГИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ маҳфили қироати шеърҳо аз ашъори шоири ширинкалом - Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинии мазкур хонандагон аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд, сурудхонӣ карданд. Инчунин, аз ҷониби масъулини ҳизбӣ оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи суҳби доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат” ва озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Мо бо шумоем” ва озмуни дигар, ки бахшида ба 110- солагии Мирзо Турсунзода зери унвони “Ҷони ширин” баргузор карда мешаванд, суханронӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg