КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ситора” аз ҷониби масъулини ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва Мунаввараи Бозоралӣ бо иштироки раиси ташкилот Хатичамо Даминова ва дигар аъзо ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вохӯрӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулин қайд намуданд, ки мақсади қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дуруст ба роҳ мондани тарбияву ахлоқи фарзанд мебошад.
Ба довталабоне, ки барои аъзо шудан ба ҳизб ариза пешниҳод намуда буданд, дар фарҷоми вохӯрӣ дар вазъияти тантанавӣ билетҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.