БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИЁСАТИ ҶАВОНОН – САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ БАРНОМАИ ҲХДТ

ДАНҒАРА. Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Раҷабализода Ҳокималӣ  дарси навбатии курси омӯзишии “Созандагони Ватан” дар мавзӯи “Сиёсати ҷавонон самти афзалиятноки барномаи ҲХДТ  ” баргузор гардид.

Зимни баргузории курс аз ҷониби масъулини ҳизбӣ қайд гардид, ки ҳизби мо ҳизби мардумист, ҳизбест, ки марому мақсади он танҳо барои халқ кор кардан, вазъи зиндагии мардумро некиву шоиста гардонидан, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро пойдор нигоҳ доштан ва барои рушду инкишофи меҳани маҳбубамон устувор намудан аст.

Ин аст, ки ҳар як узви ҳизб таҳти шиори “ Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” фаъолият намуда, дар роҳи Ватан ба кишвари азизамон чун Сарвари муаззами ҳизбамон  - Эмомалӣ Раҳмон, ки намунаи ибрати мост, тамоми ҳастиямонро, кӯшишамонро дареғ намедорем. Танҳо якдилӣ, ягонагӣ, ваҳдат, худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ба мо имкон медиҳад, ки Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободтар намоем ва ҳамчун як кишвари пешрафта, сарсабзу хуррам, осмонаш пур аз фазои ваҳдату истиқлол, миллаташ орому осуда  ва соҳибтаъриху соҳибтамаддун муаррифӣ намоем. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлат ҳамеша ҷиҳати боло бурдани сатҳи фарҳангӣ сиёсии онҳо мусоидат намуда,  ҳамкориҳои доимиву густурдаро ба ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ мондааст.  Ҷиҳати  тақвияти масъулияти онҳо дар ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарра ва ҳалталаби ҷомеа, ки иҷрои саривақтии худро тақозо доранд, талош менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg