ДАНҒАРА. Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон ба истиқболи 110-солагии устоди сухан, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода чорабиниҳо ва маҳфилҳои илмиву адабӣ баргузор гардида истодааст.
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Нури Истиқлол” – и Донишгоҳи давлатии Данғара ба ифтихори ин санаи муборак Конференсияи илмию назариявӣ ва фарҳангию адабӣ дар мавзӯи "Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ" баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумити иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад Афғон иштирок намуда, қайд кард, ки баргузории чунин маҳфилҳоро ҷиҳати тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, тарғиби сулҳу дӯстӣ ва расидан ба қадри ваҳдату якдилӣ муҳим арзёбӣ намуд.Инчунин, динар баромадкунандагон низ фикру мулозиаҳои хешро роҷеъ ба чорабинӣ баён карданд.