БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон сарчашмаи оби тоза ва биҳишти кашфношуда барои сайёҳон

Ш.ШОҲИН. Бо таваҷҷуҳи махсус ва ғамхории пайвастаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Созмони миллали муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” пешниҳод гардид, ки аз ҷониби 177 кишвари ҷаҳон қабул карда шуд, ки 21-уми марти соли 2018 ба фаъолияти расмӣ шурӯъ намуд.

Бо ҳамин мақсад кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар  ташкилоти ибтидоии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологӣ” оид ба амалишавии    Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” вохӯрӣ гузарониданд.

Дар рафти суҳбат масъулин оид ба масъалаи номбурда андешарони карда,  иброз доштанд, ки ин дастгирӣ ва ғамхории Сарвари давлатро сарфи назар накарда,  баҳри боз ҳам тоза нигоҳ доштани обанборҳо ва чашмаҳои шифобахши  ватанамон камари ҳиммат бандему Тоҷикистони азизро ба ҷаҳониён ҳамчун кишвари кашфношудаи сайёҳи муаррифи кунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg