БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО МЕҲНАТИ СОФДИЛОНА БОЗОРҲОИ ДОХИЛИРО БО МАВОДҲОИ ХӮРОКВОРӢ ТАЪМИН МЕНАМОЕМ

ВОСЕЪ. Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон аз 26.03.21 вобаста ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрокворӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти А.Рӯдакии ноҳия бо усули “хона ба хона” бо сокинон вохӯриву мулоқотҳоро ба роҳ монданд.

Зимни суҳбату мулоқотҳо ва боздид аз заминҳои наздиҳавлигии  сокинон маълум гардид, ки барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат онҳо ҳамаи чораҳои заруриро андешида, барои зиндагии шоистаи хеш ва таъмини оилаву бозорҳои дохилӣ бо маводи хӯрокворӣ аз заминҳои дар ихтиёрдоштаашон самаранок истифода намудаанд.

Зимнан Сафархони Муҳаббат мудири шуъбаи молия-сармуҳосиби Кумитаи иҷроия ба зиёда аз 200 нафар сокинон варақаҳои таблиғотӣ оид ба истифодаи самараноки заминҳо тақсим намуда, ҳамзамон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои ободонииву созандагӣ саҳми муносиби худро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg