ВОСЕЪ. Бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаву деҳаҳои ноҳияи Восеъ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ корҳои фаҳмондадиҳӣ, суҳбату мулоқотҳоро дар мавзӯъҳои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, аз ҷумла кишти такрорӣ, истеҳсоли захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва омода кардани банкаҳои консерва аз мевагӣ ва сабзавот, захира кардани ғалладонагӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, татбиқи аксияҳои ҳизбӣ ва риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ бо маром баргузор намуда истодаанд.
Сафар Ҳафиза раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ зимни суҳбату мулоқотҳо бо сокинон иброз намуд, ки истифодаи заминҳо ва захираи маводҳои ғизоӣ ба манфиати худи мо мебошад ва бо ин роҳ мо метавонем буҷаи оиларо ғанӣ гардонида, аз омилҳои манфии беруна, ки ба мо ва аҳли оилаи мо таъсир мерасонад, худро эмин нигоҳ дорем.