ВАХШ. Бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва таҷлил намудани Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар якҷоягӣ бо аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар боғи фарҳангии ба номи М. Турсунзода сайру гашти идона, таҳти унвони «Душанбе – хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон» доир намуд.
Дар рафти роҳпаймоӣ дар боғи мазкур кормандони он ба тоза намудани гирду атрофи макони истироҳатӣ ва аз алафҳои бегона озод намудани бехи дарахтону гулҳои рангоран машғул буда, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ин кор ба онҳо кумак расониданд.
Ҳамин тариқ роҳпаймоӣ бо шеъру сурудхонӣ дар васфи Душанбе, сулҳу Истиқлолият, Тоҷикистон хело хуб ба анҷом расид.